post-image

Маъракаҳои иттилоотӣ барои намояндагони ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ

Моҳи декабри соли 2021, Ширкати идоракунии грантҳо (ШИГ) ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои иттилоотӣ дар шакли семинарҳои иттилоотӣ барои намояндагони Ҳукуматҳои ноҳиявӣ, ки минтақаҳои мақсадноки татбиқи Лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, гузаронида шуданд. Семинарҳо дар шаҳрҳои Бохтар 10 декабр, Хоруғ 17 декабр ва Кӯлоб 29 декабри соли 2021 баргузор гардиданд.

Дар семинарҳо кормандони шӯъбаҳои рушди сайёҳӣ ва соҳаи кишоварзии Ҳукуматҳои маҳҳалии 33 ноҳияи ВМКБ ва Хатлон иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур шинос намудани иштирокчиёни семинари иттилоотӣ бо ҳадафу вазифаҳои лоиҳа, намудҳои грантҳо ва фаъолиятҳое, ки барои онҳо грантҳо ҷудо карда мешаванд, баҳрабардорони мақсаднок, тартиби дархост барои грантҳо, лоиҳаҳои намунавӣ барои маблағгузорӣ, инчунин шиносоӣ бо иҷрокунандагони лоиҳа ва шахсон барои тамос дар минтақаҳо, вазифаҳои фасилитаторҳо дар лоиҳа ва онҳо кистанд.

Чорабиниҳои мазкур дар сатҳи Ҳукуматҳои вилоятӣ, ин оғози саршавии боз ҳам васеътари маъракаиҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад, ки дар ноҳияҳо ва ҷамоатҳои вилоятҳои номбаршуда дар оянда идома меёбад.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image