Лоиҳаи Рушди Иқтисодиёти Деҳот
Дастгирии фаъолияти соҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ
дар вилояти Хатлон ва ВМКБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот ба рушди 2 бахши асосӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ нигаронида шудааст.

Аз ҷумла, дар соҳаи сайёҳӣ: (а) Меҳмонхонаҳо (меҳмонхонаҳои хурд, мотелҳо, хобгоҳҳо, ҳомстей ва ғ.); (b) хӯроки умумӣ (каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки дар шафати мехмонхона қарор доранд, чойхонаҳо ва ғ.); (c) Ҳунармандӣ (кандакорӣ, оҳангарӣ, ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзии чакан); (d) Маҷмааҳои осоишу шифобахш (осоишгоҳҳо, SPA); (e) Муассисаҳои сайёҳӣ; (f) Дигар самтҳои фаъолият аз рӯи ин соҳа, ки ба меъёр ва шартҳои лоиҳа мувофиқат мекунанд (рӯйхати мазкури самтҳои фаъолияти маблағгузоривашанда ниҳоӣ нест ва ҳар як лоиҳаи довталабон инфиродан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад).

Дар сохаи агросаноатй: (а) Хариди таҷҳизот барои хушк кардани мева ва сабзавот (аз ҷумла консервабарорӣ); (b) Хариди таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти хурди бастабандшаванда бо мақсади фурӯши онҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ё фурӯш ба сайёҳон, ҳамчун тӯҳфаҳои ёдгорӣ; (c) Хариди таҷҳизот барои сардхонаҳо; (d) Хариди таҷҳизоти коркарди меваю сабзавот; (e) Хариди таҷҳизот барои коркарди асал; (f) Дигар самтҳои фаъолият аз рӯи ин соҳа, ки ба меъёр ва шартҳои лоиҳа мувофиқат мекунанд (рӯйхати мазкури самтҳои фаъолияти маблағгузоривашанда ниҳоӣ нест ва ҳар як лоиҳаи дархосткунандагон инфиродан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад).

Саҳми дархосткунанда 20%-и маблағи умумии лоиҳаро бояд ташкил диҳад (дар ҳолатҳои махсус 10%) ва бевосита ҳамчун саҳми молиявӣ ифода меёбад. Яъне, Дархосткунанда пас аз тасдиқи лоиҳа аз ҷониби Кумитаи грантӣ бояд суратҳисоби бонкӣ кушода, онро ба андозаи 20%-и маблағи лоиҳа бо пули миллӣ (сомонӣ) пур кунад ва ба шахсони масъул маълумотнома дар бораи мавҷудияти маблағ дар суратҳисоб пешниҳод намояд.

Маблағҳои тариқи грант додашуда, ки мақсаднок ва дар доираи талаботҳои амалигардонии лоиҳа истифода шудаанд, баргардонида намешаванд. Дар ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағ ё вайрон кардани қоидаҳои муқаррарии истифодаи грант, инчунин вайрон кардани дигар меъёрҳои муқаррашудаи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон дар равандҳои марбут ба амалиёти грантӣ ва татбиқи лоиҳа, маблағҳои грантӣ, қисман ва ё пурра баргардонида мешаванд.

Дар доираи Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот, дар шакли ҳатмӣ мониторинги (санҷишҳои) истифодаи мақсадноки таҷҳизоту лавозимоти тариқи лоиҳаи грантӣ ба даст овардашуда, инчунин таҳлили таъсири иҷтимоии лоиҳа гузаронида мешавад. Мониторинги зайл, метавонад бидуни огоҳӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи лоиҳа анҷом дода шавад.

Дар доираи грантҳои ҳиссавии Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна, инчунин ташкилоту соҳибкорони инфиродии соҳаи кишоварзӣ маблағгузории таҷҳизоти зерин имконпазир аст: (1) хариди таҷҳизоту мошинаҳои хушккунӣ ё бастабандӣ, (2) хариди таҷҳизоту лавозимот барои сардхонаҳо, (3) хариди Хариди таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти хурди бастабандшаванда бо мақсади фурӯши онҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ё фурӯш ба сайёҳон, ҳамчун тӯҳфаҳои ёдгорӣ, (4) такмил додани равандҳои истеҳсолӣ барои гирифтани шаҳодатномаҳои бехатарӣ ва сифат.

Дар доираи грантҳои ҳиссавии Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна, инчунин ташкилоту соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳӣ маблағгузории таҷҳизоти зерин имконпазир аст: Мол, кор ва хизматрасониҳое, ки дар доираи ин зербахш маблағгузорӣ мешаванд, инҳоро дар бар мегирад:

    Барои меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо:
  • Мол, кор ва хизматрасониҳое, ки қисми модули муайяншудаи самти навсозӣ ва такмили шароити санитарии ҳоҷатхонаҳо мебошанд (вобаста ба андозаи онҳо - имконпазирӣ).
  • Беҳтаргардонии майдони ошхона ва ё фасади тарабхонаҳо.
  • Насби аломатҳои ишоратии роҳҳи асосӣ, ҷойгоҳи истироҳатӣ ва ғ.
    Барои рассомон ва ҳунармандон:
  • Хариди мошинаву тачхизоти асосие, ки барои фаъолият заруранд (мошина ва масолеҳи дарздузӣ, кафшеркунӣ, буришу коркарди чубу оҳан ва ғ.)
  • Мол, кор ва хизматрасониҳое, ки қисми модули муайяншуда барои такмил додани раванди истеҳсол/эҷоди ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад.
    Барои корхонаҳои сайёҳӣ, ва дигар ташкилотҳои хизматрасони соҳа:
  • Созмону насби дӯконҳои иттилоотии саёҳӣ, бо шарти пешниҳоди ҳатмии иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор барои таъмини фаъолият.
  • Харидории таҷҳизоту техникаи зарурӣ.
  • Таҳия ва ё навсозии сомноҳои шабакаи интернетӣ.
    Барои деҳқонон ва ташкилкунандагони агротуризм:
  • Таъсиси пайроҳаҳои махсус дар фермаҳо барои сайругашт ва боздиди сайёҳон, таҳияи хатсайру ва турҳои дахлдор.
  • Хариди таҷҳизот ва мошинҳои зарурӣ.
  • Бастабандӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба сайёҳон.
    Барои минтақаҳои туристӣ (санаторияҳо, марказҳои осоишӣ, ҷозибаҳои маҳаллӣ):
  • Ташкил намудани нуқтаҳои итилоотӣ барои сайёҳон, нуқтаҳои фурӯши тӯҳфаҳо ва нӯшокиҳо, бо шарти пешниҳоди ҳатмии иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор барои таъмини фаъолият.
  • Барои такмили шароити санитарӣ ва гигиенӣ.
  • Харидории таҷҳизоти зарурӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ.
  • Рӯйхати таҷҳизотро аз фаҳрасте, ки дар вебсайт интшор шудааст ва ё аз фасилитаторҳои лоиҳа пайдо кардан мумкин аст. Ҳамзамон, макриди қайд аст, ки рӯйхат таҷҳизоту лавозимот ниҳоӣ нест ва мол, кор ва хизматрасониҳое, ки ба рӯйхат дохил нашудаанд, тибқи хулосаи Кумитаи идоракунии грантҳо ва Маркази татбиқи лоиҳа, ҳангоми муайян шудани мувофиқати онҳо ба ҳадафҳои грантӣ барои ин ё он лоиҳа, метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд. Бо шарте, ки онҳо ба рӯйхати мол, кор ва хизматрасониҳое, ки тибқи талаботҳои санадҳои меёърии ҳуқуқӣ манъ ё маҳдуд (зарурати иҷозати махсус) аст, дохил нашаванд..

Дар доираи Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот маблағгузории лоиҳаҳои дархосткунандагоне, ки дар бинои иҷора фаъолият анҷом медиҳанд, пешбинӣ нашудааст.

Маблағи лоиҳа бояд ба эҳтиёҷоти асосонок кардашуда ва ҳаҷму доираи фаъолияти аризадиҳанда мутаносиб бошад. Барои деҳқонони инфиродӣ ва корхонаҳои микро, хурд ва миёна, маблағи ҳадди аксари грант 20,000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар озмуни оммавӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор дар заминаи ҷамоатҳои маҳаллии вилояти Хатлон ва ВМКБ, маблағи ҳадди аксари грантӣ барои ҳар як пешниҳоди грантӣ дар соҳаи агробизнес то 75 000 доллари ИМА ва барои инфрасохтори сайёҳӣ бошад, то 80 000 доллари ИМА ҷудо карда мешавад.

Комилан не! Ҳадафи лоиҳа аз мусоидат ба фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиш ва фаъолгардонии корхонаҳои микро, хурд ва миёна дар соҳаи туризм, агробизнес ва бахшҳои марбут ба он, иборат мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб, агар таҷҳизот барои манфиати шахсӣ (яъне истифодаи ғайримақсаднок) истифода карда шавад, бо қарори Кумитаи грантӣ Дархосткунандаро зарур меояд, ки маблағҳои грантиро баргардонад.

Дар доираи Лоиҳа рушди иқтисодиёти деҳот грантҳои хиссавӣ ба лоиҳаҳои боэътимод ва устувор дода мешаванд, ки пас аз гирифтани маблағҳои грантӣ қобилияти таъмини фаъолияти мусоидро доро мебошанд. Ҳарчанд лоиҳа хусусияти иҷтимоӣ дошта бошад ҳам, он барои таҳкими фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус як қатор омилҳо аз қабили даромад, захираҳои моливу моддӣ ва умуман дороиҳои гардону ҳаҷми дороиҳо, инчунин ӯҳдадориҳои аризадиҳанда ба назар гирифта мешаванд.

Ариза метавонад бо як қатор сабабҳои муқарраршуда рад карда шавад, аз ҷумла:
- бинобар фаъолияти соҳибкорӣ надоштани аризадиҳанда;
- агар фаъолияти аризадиҳанда ноустувор, зиёновар бошад ва ё ба талаботи қонунгузории мамлакат мухолифат мекунад;
- аризадҳанда ӯҳдадориҳои андози пардохтнашуда дошта бошад;
- аризадиҳанда қарзгиранда ва ё кафили карзи ба таъхир афтода бошад. Инчунин ҳангоме, ки аризадиҳанда қарзгиранда ва ё кафили карзе мебошад, ки аз дороиҳои истеҳсолии аризадиҳанда зиёд аст;
- ҳангоми мавҷудияти хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии татбиқи лоиҳа ва ё фаъолияти аризадиҳанда;
- ҳангоми ошкор шудани хатари истифодаи нодурусти маблағҳои грантӣ;
- агар харидории таҷҳизоти дархосткунанда алҳол аз ҷониби дигар лоиҳа ва ё донор маблағгузорӣ шудааст;
- агар Дархосткунанда шахси алоқаманд ба корманди иштирокчии ҷараёни амалиёти грантӣ бошад;
- ҳангоми амалҳои ғайриқонунии Дархосткунанда, ки ба раванди амалиёти грантӣ таъсир хоҳад расонд.