Лоиҳаи Рушди Иқтисодиёти Деҳот
Дастгирии фаъолияти соҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ
дар вилояти Хатлон ва ВМКБ

ЛОИҲА АЗ ЧОР ҚИСМ ИБОРАТ АСТ, КИ МАРБУТ БА НАМУДИ ФАЪОЛИЯТ ВА МАНФИАТГИРАНДАГОН ТАҲРЕЗӢ КАРДА ШУДААСТ:

  • Қисмати 1 ба беҳтар кардани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди соҳаи агробизнес ва сайёҳӣ нигаронида шудааст.
  • Қисмати 2 корхонаҳои микро, хурд ва миёна (КМХМ), инчунин соҳибкоронро, ки дар саҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ, инчунин бахшҳои марбутаи онҳо фаъолият доранд, тавассути пешниҳоди грантҳои ҳиссавӣ дастгирӣ мекунад.
  • Қисмати 3 ба таҳкими малака, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонии пешбурди соҳибкорӣ нигаронида шудааст, то ки манфиатгирандагони эҳтимолӣ тавонанд аз барномаҳои грантӣ дар доираи қисамтҳои 1 ва 2 пурра истифода баранд.
  • Қисмати 4 ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳа, инчунин идоракунву ва маъмурисозии амалиёти грантиро таъмин менамояд.

ГРАНТХО ВА ГРАНТХОИ ҲИССАВӢ

ҚИСМАТИ 1 ВА ҚИСМАТИ 2-И ЛОИҲАИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ ГРАНТҲО ВА ГРАНТҲОИ ҲИССАВИРО БАРОИ ТАЪМИНИ ДАСТГИРИИ РУШДИ АГРОБИЗНЕС ВА СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВМКБ ДАР БАР МЕГИРАД. ШАКЛҲОИ ГУНОГУНИ ГРАНТҲО АЗ ИНҲО ИБОРАТАНД:

  • Грантҳо ба ҷамоатҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои беҳтаргардонии инфрасохтори сайёҳӣ ва агробизнес, инчунин рушди ҷозибаҳои сайёҳии маҳаллӣ:
    • Грантҳо ба ҷамоатҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ ё ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ё рушди ҷозибаҳо сайёҳии маҳаллӣ.
    • Грантҳо барои ҷамоатҳо ё мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори бозорҳои ҷамъиятии кишоварзӣ (бозорҳо).
  • Ҳадди меъёри маблағгузорӣ барои грантҳои рушди инфрасохтор дар сатҳи ҷамоатҳо:
    • Барои озмуни оммавӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар заминаи ҷамоатҳои маҳаллии вилояти Хатлон ва ВМКБ барои ҳар як дархост 80,000 доллари ИМА ҷудо карда мешаванд.
    • Ҳадди ақали грант маҳдуд нест.
    • Маблағгузорӣ ба андозаи 100%, то ҳадди ниҳоии андозаи зикршудаи маблағи пешниҳодоти озмунӣ, таъмин карда мешавад.
  • Грантҳои ҳиссавӣ барои дастгирии КМХМ ва соҳибкорон дар соҳаи сайёҳӣ, агробизнес ва хизматрасониҳои марбута:
    • Грантҳои ҳиссавӣ барои деҳқонон ва КМХМ-и соҳаи агробизнес ҷиҳати нигоҳдории пас аз ҳосил ва коркарди маҳсулот.
    • Грантҳои ҳиссавӣба барои деҳқонон ва соҳибкорони машғулӣ коркард дар ду марҳилаи ташкили арзиши иловашудаи маҳсулоти агробизнес.
    • Грантҳои ҳиссавӣ барои КМХМ-и марбут ба сайёҳӣ барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ.
  • Маҳдудиятҳои маблағгузорӣ барои Қисмати 2:
    • Агар дар ариза барои иштирок дар озмун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар алоҳидагӣ барои деҳқонони ва КМХМ маҳдудияти ҳадди аксари маблағгузорӣ ба андозаи 20,000 доллари ИМА муқаррар карда шудааст.
    • Маблағгузории грантии ҳиссавӣ одатан на бештар аз 80% маблағгузории умумии лоиҳаро ташкил медиҳад. Дар ҳолатҳои истисноӣ барои Дархосткунандагони табақаҳои осебпазир, фоизи ҳадди аксари ҳиссаи грантӣ метавонад то 90% афзоиш дода шавад.

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ГРАНТӢ

ГРАНТҲО

    Ба доираи баҳрабардорони грантҳо барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ, агробизнес ва рушди ҷозибаҳои сайёҳии маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
    • Мақомотҳои маҳаллӣ - макомоти худидоракунии махалли, аз чумла макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати.
    • Ҷамоатҳо - мақомоти худидоракунии деҳот, ки аз ҷониби сокинони деҳа интихоб карда мешавад ва дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро ҳал мекунад.
    • Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣҳамчун иттиҳодияи ихтиёрӣ, худидоракунанда, ғайритиҷоратии шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқӣ, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар оинномаҳои худ зикргардида муттаҳид шудаанд, муайян карда мешавад.
    Баҳрабардорон метавонанд дархостҳои худро якҷоя пешниҳод кунанд, аммо яке аз Баҳрабардорон бояд сатҳи роҳбарӣ (пешбарӣ) дошта бошад. Созишномаи грантӣ байни Маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоти пешбар имзо карда мешавад.

ГРАНТҲОИ ҲИССАВӢ

    Ҳуқуқи гирифтани грантҳои ҳиссавиро КМХМ ва соҳибкорони зерине, ки дар соҳаи сайёҳӣ, агробизнес ва соҳаҳои марбути он фаъолият доранд, доро мебошанд:
    • Деҳқонони инфиродии расман ба қайд гирифташуда:
      • бе ташкили шахси ҳуқуқӣ.
      • бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ.
    • Гурӯҳи деҳқонон ва ё ассотсиатсияҳои расман ба қайд гирифташуда:
      • Шарики оддӣ.
      • Кооперативҳо.
    • Корхонаҳои микро, хурд ва миёнаи (КМХМ) расман ба қайд гирифташуда, ки дар соҳаи сайёҳӣ, агробизнес ё дигар бахшҳои марбут ба ин соҳаҳо фаъолият доранд.
    • Соҳибкорони инфиродии расман ба қайд гирифташудае, ки дар соҳаи сайёҳӣ, агробизнес ё дигар соҳаҳои ба он алоқаманд фаъолият мекунанд:
      • бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ.
      • бе ташкили шахси ҳуқуқӣ.
    • Рассомон ҳамчун шахси воқеие, ки дар асоси патент (дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 31.08.2012с.) кор мекунанд.
    • Ҳунармандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои мардумӣ» аз 20 июни соли 2019, № 1619, моддаи 1, ҳамчун шахси воқеии дорои маҳорат, ҳунармандӣ, дониш ва (ё) тахассуси касбӣ, ки ба фаъолияти ҳунармандӣ машғуланд, муайян карда мешаванд.
    • Ассотсиатсияҳо ва гурӯҳҳои расман ба қайд гирифташудаи чунин соҳибкорон ва КМХМ-и ба расмият даровардашуда.
    • Туроператорҳо – Ҳама ширкатҳои туроператорие, ки дорои иҷозатномаи дахлдори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
    • Стартапҳои ба қайд гирифташуда ҳуқуқ маблағгузориро тариқи грантҳои ҳиссавӣ доро мебошанд.
    • Субъектҳои бахши ғайрирасмӣ дар доираи барномаи грантӣ дастгирӣ нахоҳанд ёфт. Баҳрабардорони эҳтимолии ғайрирасмӣ метавонанд дар суръат ба расмиятдарорӣ дархост пешниҳод намуда, эҳтимолан барои гирифтани грантҳои ҳиссавӣ дастгирӣ ёбанд. Ҳамзамон, грантдиҳанда метавонанд раванди расмикунониро дастгирӣ намояд.
    Талабот оид ба моликият: КМХМ, ки дар доираи барномаҳои Грантӣ дастгирӣ меёбанд, бояд моликияти аксарияти дохилӣ дошта бошанд (50,1% ё бештар аз он) ва набояд маблағгузорие дигаре (аз ҳисоби манбаҳои диагар) барои мол ва хизматрасониҳое, ки аз ҳисоби грантҳо лоиҳаи мазкур маблағгузорӣ карда мешаванд, дошта бошад. Моликияти гурӯҳ ё ассотсиатсия низ бояд мажоритарӣ дохилӣ бошад (50,1% ё бештар).

ДИГАР ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ

    Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ: Лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби грантҳо ва грантҳои ҳиссавӣ маблағгузорӣ мешаванд, бояд дар Хатлон ё ВМКБ амалӣ карда шаванд. Баъзе аз баҳрабардорони грантҳо, аз қабили туроператорҳо метавонанд дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон сабти ном гардида, дар дигар минтақаҳо идораи асосии худро дошта бошанд, аммо ҳатман онҳо бояд дар Хатлон ё ВМКБ фаъолият дошта бошанд. Грантҳо ва маблағгузории онҳо танҳо барои татбиқи лоиҳаҳо ва сармоягузорӣ дар Хатлон ва ВМКБ истифода мешаванд.
      Талабот барои ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби баҳрабардорон:
      1. Деҳконони инфиродӣ бояд ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодабарии заминро пешниход намоянд;
      2. Иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои расман ба қайд гирифташуда бояд ҳуҷҷатҳои бақайдгириро пешниҳод намоянд;
      3. Соҳибкорони инфиродӣ, КМХМ ва ташкилоти ғайридавлатӣ бар замми пешниҳоди иҷозатномаҳо (барои баъзе фаъолиятҳо) ва ҳисоботҳои тавозунӣ бояд, инчунин ҳуҷҷатҳои бақайдгириро манзур намоянд.

ПЕШНИҲОДИ АРИЗА

    Ба тарафҳои манфиатдор (ташкилотҳо, корхонаҳо, соҳибкорну деҳконон) тавсия дода мешавад, ки барои гузаронидани озмоиши пешакии сатҳи мувофиқати онҳо барои гирифтани грант, аввалан бо фасилитаторони грантии маҳаллии минтақаи худ тамос гиранд (муфассалтар дар саҳифаи ТАМОС). Ҳангоми мутобиқат ба меъёрҳо, ташшабускунандаи лоиҳа бо Дархосткунандаи грант барои таҳияи пешниҳоди грантӣ, ки аз таҳияи нақшаи тиҷоратии оддии лоиҳа ва буҷет он, инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои бақайдгирии соҳибкорӣ ё иҷозатномаи дахлдор мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, ҳамкорӣ мекунад. Аризаи пурраи грантӣ аз ҷониби Кумитаи грантӣ, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, баррасӣ карда мешавад.

ТАМОС БО ФАСИЛИТАТОРҲО ОИД БА ГРАНТ

    Беҳтарин роҳи пешниҳоди муваффақи дархост ин тамосгирӣ бо фасилитаторҳои маҳаллӣ дар минтақаи Дархосткунанда ба ҳисоб меравад. Рӯйхати фасилитаторҳои грантӣ ва рақамҳои тамос бо онҳо дар сахифаи "Тамос" оварда шудаанд. Фасилитаторҳои грантӣ ҳамаи талаботҳоро ба шумо шарҳ медиҳанд ва кӯмак мерасонанд.