Лоиҳаи Рушди Иқтисодиёти Деҳот
Дастгирии фаъолияти соҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ
дар вилояти Хатлон ва ВМКБ

Ҳадафҳо ва вазифаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (ГБҶ) барои татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисоди деҳоти Тоҷикистон» (ЛРИД) маблағгузорӣ гирифтааст. Ҳадафи лоиҳа аз беҳтаргардонии манбаъҳои даромад ва зиндагии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва вилояти Хатлон ба воситаи рушди соҳаҳои туризм ва агробизнес иборат мебошад.

Сохтори барнома

Лоиҳа аз чор қисмат иборат мебошад, ки вобаста ба намудҳои дахолат ва баҳрагирандагон ташкил ёфтааст:

  • Қисмати 1 ба беҳтар намудани инфрасохтори ҷамъиятӣ барои рушди соҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ нигаронида шудааст.
  • Қисмати 2 корхонаҳои хурд ва миёна (КХМ) ва соҳибкоронро дар соҳаҳои агробизнес, сайёҳии дар асоси ҷамоаҳои маҳалӣ ва бахшҳои алоқаманд тавассути грантҳои ҳиссавӣ дастгирӣ мекунад.
  • Қисмати 3 ба баландбардории малакаҳо, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонии рушди тиҷорат нигаронида шудааст, то баҳрагирандагони эҳтимолӣ аз барномаҳои грантӣ дар доираи Қисматҳои 1 ва 2 пурра баҳраманд гарданд.
  • Қисмати 4 ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳа, инчунин идоракунии барнома ва грантҳоро таъмин менамояд.

Идоракунии барнома

ЛРИД аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ)-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Ҳамоҳангсозии Лоиҳа (ГҲЛ)-и Кумитаи рушди сайёҳӣ амалӣ карда мешавад. ГҲЛ барои ҳамоҳангсозӣ ва корҳои техникии вобаста ба соҳаи сайёҳӣ дар доираи ЛРИД масъул аст. Масъалаҳои вобаста ба идоракунии молиявӣ ва харид ба дӯши ГҲЛ вогузор мешавад.
Кумитаи роҳбарикунандаи сатҳи миллӣ татбиқи умумии лоиҳаро назорат мекунад ва ба ҳайси мақоми баландтаринимашваратӣ ва қабули қарорҳо баромад карда барои роҳнамоии стратегӣ, ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии татбиқи лоиҳамасъул аст.
Нақшаи грантӣ ба таври мутаммарказ аз ҷониби Ширкати махсуси Идоракунии Грантҳо (ШИГ) идора карда мешавад, ки кори сохторҳои маҳаллиро назорат мекунад, ки мустақиман бо довталабони грант дар минтақаҳои интихобшудаи Тоҷикистон (вилояти Хатлон ва ВМКБ) кор мекунанд.

Маблағгузории лоиҳа

Маблағгузории умумии молҳо ва хидматҳое, ки барои маблағгузорӣ бо грантҳо ва грантҳои ҳиссавӣ мувофиқанд, чунин аст:

  • Грантҳо ба ҷамоаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори соҳаҳои сайёҳӣ ва агробизнес ва рушди ҷойҳои ҷолиби сайёҳии маҳаллӣ (2,400,000 доллари ИМА).
  • Грантҳои ҳиссавӣ ба деҳқонон ва КХМ дар соҳаи агробизнес барои дастгирии нигоҳдорӣ пас аз ҷамъоварии ҳосил ва коркард (2,600,000 доллари ИМА).
  • Грантҳои ҳиссавӣ барои деҳқонон ва коркардкунандагон дар ду занҷираи соҳаи агробизнес (2,600,000 доллари ИМА).
  • Грантҳои ҳиссавӣ ба КХМ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият дошта, барои беҳтар кардани хидматҳо ва пешниҳодҳо (3,000,000 доллари ИМА).

Сайёҳӣ

Маҳсулоти ширӣ

Меҳмонхонаи хурд