ГРАНТҲО БА ҶАМОАТҲО, МАҚОМОТҲОИ МАҲАЛЛӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ БАРОИ БЕҲБУДИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ ВА АГРОБИЗНЕС ВА РУШДИ ҶОЗИБАҲОИ САЙЁҲИИ МАҲАЛЛӢ:
Дар доираи қисмати мазкури лоиҳа пешниҳоди грантҳо ба баҳрабардорони муносиб ба меъёрҳои муқаррарӣ ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва агробизнес ва рушди ҷозибаҳои сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла грантҳои мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои зерин равона мегарданд:
- дар самти мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз чумла (вале бо ин махдуд нашуда): (i) барои барқарорсозии иншооти фароғатии маҳаллӣ (масалан, театрҳо, боғҳо ва осорхонаҳо), (ii) ҷиҳати бетаргардонии роҳҳои пиёдагарди сайругашт ва масирҳои фароғатӣ (iii) ташкили ярмаркаҳои маҳаллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ;
- такмил додани инфрасохтори бозорҳои оммавии кишоварзӣ, аз ҷумла (вале бо ин махдуд нашуда): (i) сохтмон ё ободгардонии нӯқтаҳои савдо, (ii) сохтмон ва ё беҳтаргардонии иншоотҳои санитарӣ, (iii) сохтмон ва ё беҳтаргардонии сардхонаҳо;
- таъмири бино ё харидани таҷҳизот барои лабораторияҳои назорати бехатарии ғизо дар бозорҳой.
Мол, кор ва хизматрасониҳои ҷавобгӯ ба талабот, бояд бевосита барои беҳтар кардани рушди соҳаи сайёҳӣ равона карда шаванд, аз ҷумла (вале бо ин махдуд нашуда):
Барои инфрасохтори бахши агросаноатӣ:
- Такмили бозорҳои оммавии кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмон ва ё бозсозии масоҳатҳо гӯшаи фурӯш (дар мисол таъмири болопӯши боми бозор), сохтмон ё беҳтар намудани шароити санитарӣ (дар мисол сохтмони ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ), сохтмон ва ё беҳбуди анборхонаҳо (сардхонаҳо), инчунин таъмири биноҳо ва ё хариди таҷҳизот барои озмоишгоҳҳои назорати бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳо.
Барои инфрасохтори бахши туризм:
- барқарорсозии иншооти фароғатии маҳаллӣ (масалан, театрҳо, боғҳо ва осорхонаҳо);
- такмилу беҳтаргардонии хатсайрҳои сайёҳӣ ё фарҳангӣ;
- ташкили ярмаркаҳои фарҳангӣ ва сайёҳии маҳаллӣ;
- муосиргардонии майдону масоҳатҳои омавӣ-ҷамъиятӣ ва биноҳои мероси фарҳангӣ.
Ин рӯйхат пӯшида нест. Мол, кор ва хизматрасоние, ки ба руйхат дохил нашудаанд, инчунин метавонанд маблаггузори карда шаванд, агар тибки хулосаи Маркази татбиқи лоиҳа он ба ҳадафҳои барномаи грантӣ мувофиқ бошад ва ба шарте, ки ба рӯйхати мол, кор ва хизматрасонихои манъшуда тибқи қонунгузории мамлакат дохил нашаванд. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки барои бахши агробизнес, грант метавонад танҳо барои намудҳои гуногуни беҳдошти инфрасохтори бозори омавии кишоварзӣ истифода шавад.
Давомнокии лоиҳаҳои грантӣ метавонад ҳадди аксар 18 моҳро ташкил диҳанд.
---
ГРАНТҲОИ ҲИССАВӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ КОРХОНАҲОИ МИКРО, ХУРД ВА МИЁНА (КМХМ) ВА СОҲИБКОРОНИ ДАР СОҲАИ АГРОБИЗНЕС, САЙЁҲИИ МАҲАЛЛӢ ФАЪОЛИЯТДОШТА:
Дар доираи қисмати мазкури лоиҳа пешниҳоди грантҳо ба баҳрабардорони муносиб ба меъёрҳои муқаррарӣ дар соҳаҳои зерин дода мешавад:
Сайёҳӣ
- (i) Хизматасонии меҳмоннавозӣ (меҳмонхонаҳои хурд, мотелҳо, хобгоҳҳо, ҳомстей ва ғ.); ii) Хӯроки умумӣ (каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки дар шафати мехмонхона қарор доранд, чойхонаҳо ва ғ.); (iii) Ҳунармандӣ (кандакорй, оҳангарй, ҳунарҳои мардумӣ барои гулдӯзии чакан ва ғ.); (iv) Маҷмааҳои осоишу шифобахш (осоишгоҳҳо, SPA); (v) Туроператорҳо. (vi) Самтҳоидиагри фаъолияти соҳибкорӣ дар ин соҳа, ки ба меъёр ва шартҳои лоиҳа мувофиқат мекунанд (рӯйхати мазкури самтҳои фаъолияти маблағгузоривашанда ниҳоӣ нест ва ҳар як лоиҳаи довталабон инфиродан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад).
Агробизнес
- (i) Хариди таҷҳизот барои хушк кардани мева ва сабзавот (аз ҷумла консервабарорӣ); (ii) Хариди таҷҳизот барои истеҳсоли маҳсулоти хурди бастабандшаванда бо мақсади фурӯши онҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ё фурӯш ба сайёҳон, ҳамчун тӯҳфаҳои ёдгорӣ; (iii) Хариди таҷҳизот барои сардхонаҳо; (iv) Хариди таҷҳизоти коркарди меваю сабзавот; (e) Хариди таҷҳизот барои коркарди асал; (v) Дигар самтҳои фаъолият аз рӯи ин соҳа, ки ба меъёр ва шартҳои лоиҳа мувофиқат мекунанд (рӯйхати мазкури самтҳои фаъолияти маблағгузоривашанда ниҳоӣ нест ва ҳар як лоиҳаи дархосткунандагон инфиродан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад).
Молҳо, корҳо ва хидматҳое, ки дар доираи ин зерқисмат маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла инҳоро дар бар мегиранд (вале бо ин махдуд намешавад):
- Барои меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо:
- мол, кор ва хизматрасониҳое, ки қисми модули муайяншудаи самти навсозӣ ва такмили шароити санитарии ҳоҷатхонаҳо мебошанд (вобаста ба андозаи онҳо - имконпазирӣ);
- беҳтаргардонии майдони ошхона ва ё фасади тарабхонаҳо;
- насби аломатҳои ишоратии роҳҳи асосӣ, ҷойгоҳи истироҳатӣ ва ғ.
- Барои рассомон ва ҳунармандон:
- хариди мошинаву тачхизоти асосие, ки барои фаъолият заруранд (мошина ва масолеҳи дарздузӣ, кафшеркунӣ, буришу коркарди чубу оҳан ва ғ.);
- мол, кор ва хизматрасониҳое, ки қисми модули муайяншуда барои такмил додани раванди истеҳсол/эҷоди ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад.
- Барои туроператорон:
- созмону насби дӯконҳои иттилоотии саёҳӣ, бо шарти пешниҳоди ҳатмии иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор барои таъмини фаъолият;
- харидории таҷҳизоту техникаи зарурӣ;
- таҳия ва ё навсозии сомноҳои шабакаи интернетӣ.
- Барои ташкилотчиёни агротуризм:
- таъсиси пайроҳаҳо махсус дар фермаҳо барои сайругашт ва боздиди сайёҳон, таҳияи хатсайру ва турҳои дахлдор;
- хариди таҷҳизот ва техникаи зарурӣ;
- бастабандӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба сайёҳон.
- Барои минтақаҳои сайёҳӣ (санаторияҳо, марказҳои саломатӣ, тамошобобҳои маҳаллӣ):
- таъсис додани нуқтаи иттилоотии барои сайёҳон, дӯкони фурӯши армуғон ва нӯшокиҳо. Бо шарти пешниҳоди иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои дахлдор;
- беҳтар намудани шароити санитарию гигиенӣ;
- хариди таҷҳизоти зарурӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ.
- Барои деҳқонон:
- хариди таҷҳизот ва техникаи зарурӣ, хариди таҷҳизот барои дӯшидани шир ва дигар лавозимот, аз қабили зарфҳо барои шир, ғизои мукаммалшуда барои ҳайвонот бо мақсади беҳтар кардани миқдор ва сифати шир;
- хизматрасонии машваратии оид ба мусоидат дар идоракунӣ, таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ва такмили равандҳои тиҷоратӣ;
- пешбурди тиҷорат ва маркетинг, инчунин дигар тадбирҳои тиҷоратӣ ҷиҳати ба роҳ мондани роибитаҳо байни истеҳсолкунандагони хурд ва коркадкунандагони бузург;
- дигар мол, кор ва хизматрасониҳои дахлдор.
- Барои коркардкунандагони шир:
- таҷҳизот барои нуқтаҳои ҷамъоварии шир (масъалан, автосистернаҳо барои нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва таҷҳизоти назорати сифати шир) ва дигар лавозимот (таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои корхона);
- хизматрасониҳои машваратӣ оид ба ҷорӣ намудани HACCP / ISO 22000 / ISO 9000, GP / GMP ҷараёни истеҳсолӣ;
- хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муосидат ба идоракунӣ, таҳрезии нақшаҳои тиҷоратӣ ва такмили дигар равандҳоӣ фаъолияти соҳибкорӣ;
- дигар фаъолиятҳо ба мисоли ҷиҳати ба роҳ мондани роибитаҳо байни истеҳсолкунандагони хурд ва коркадкунандагони бузург, аз қабили таблиғот, маркетинг ва дигар тадбирҳои тиҷоратӣ;
- хариди таҷҳизоти ҷӯшидани шир ва молу масолеҳ аз қабили зарфҳо барои шир, ғизои мукаммалшуда барои ҳайвонот бо мақсади беҳтар кардани миқдор ва сифати шир.
Ин рӯйхат пӯшида нест. Мол, кор ва хизматрасоние, ки ба руйхат дохил нашудаанд, инчунин метавонанд маблаггузори карда шаванд, агар тибки хулосаи Маркази татбиқи лоиҳа он ба ҳадафҳои барномаи грантӣ мувофиқ бошад ва ба шарте, ки ба рӯйхати мол, кор ва хизматрасонихои манъшуда тибқи қонунгузории мамлакат дохил нашаванд.
Рӯйхати таҷҳизотро аз фаҳрасте, ки дар вебсайт интшор шудааст ва ё аз фасилитаторҳои лоиҳа пайдо кардан мумкин аст.
Давомнокии лоиҳаҳои грантӣ метавонад ҳадди аксар 12 моҳро ташкил диҳанд.