Иштирок дар Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022”
Бо мақсади ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон, тарғиби имкониятҳои сармоягузории минтақа ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ санаи 26-27 августи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар Форум намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” низ иштирок намуда, дар ҷаласаҳои (панелҳои) алоҳидаи он дар мавзӯҳои “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа дар вилояти Хатлон” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ заминаи устувори рушди иқтисодиёти минтақа” ба иштирокчиёни чорабинӣ доир ба лоиҳаи мазкур маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки мақсади баргузор намудани тренингҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилояти Хатлон ва ВМКБ тавассути рушди агробизнес ва сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.