post-image

Баргузории семинар дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон

Тибқи нақшаи тасдиқгардида оид ба баргузории семинарҳо дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” аз 2 то 4 июли соли 2022 дар меҳмонхонаи “Фароз”-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон семинар дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ оид ба меҳмоннавозӣ, бозоршиносӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо равона гардидааст.

Дар семинари болозикр 18 нафар намояндагони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо аз шаҳри Леваканти вилояти Хатлон иштирок намуданд, ки аз он 8 нафарашон занон мебошанд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида чунин семинарҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дар давоми моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ баргузор карда мешаванд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image