post-image

Дар ноҳияи Роштқалъа тренинги ҷамъбастӣ дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” дар давоми моҳҳои июн-августи соли ҷорӣ тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар вилояти Хатлон ва ВМКБ баргузор карда шуданд.

Тибқи нақша аз санаи 29 то 31 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ тренинги мазкур баргузор шуда, бо ҳамин баргузор намудани тренингҳо дар мавзӯи болозикр ба анҷом расид.

Дар ин тренинги серӯза 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои ноҳияи Роштқалъа иштирок намуданд, ки аз ин 12 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар рафти тренинг аз ҷониби мутахассисони соҳавии ҷалбгардида барои баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва касбияти иштирокчиён ҷиҳати беҳтарсозии хизматрасонӣ ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар тренингҳои баргузоршуда дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар маҷмӯъ 363 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд, ки 157 нафари онҳо занон мебошанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image