post-image

Баргузории машварати оммавӣ оид ба механизми баррасии арзу шикоятҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” дар ноҳияи Шаҳритус

Санаи 26 октябри соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон машварати оммавӣ оид ба механизми баррасии арзу шикоятҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.

Дар машварати оммавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳои ноҳия иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур кормандони лоиҳа ба иштирокчиён оид ба ҳадаф, вазифа, қисматҳои лоиҳа ва механизми баррасии арзу шикоятҳо дар доираи он маълумот пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ ба кормандони лоиҳа саволҳо ва таклифу пешниҳодҳои мухталиф вобаста ба лоиҳа, аз ҷумла оид ба шарту талаботҳои вобаста ба омодасозии нақшаҳои тиҷоратӣ ҷиҳати дастрас намудани грантҳои ҳиссавӣ аз ҳисоби лоиҳа, пешниҳод гардиданд.

Кормандони лоиҳа ба ҳамаи саволҳо посухҳои мушаххас дода, маводҳои иттилоотӣ оид ба лоиҳаро ба иштирокчиён дастрас намуданд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image