post-image

Тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ идома дорад.

Дар ин замина, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз санаи 25 то 27 июли соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Хуррамшаҳр”-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тренинги мазкур баргузор шуд.

Дар ин тренинги серӯза 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо аз ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлон иштирок намуданд, ки 8 нафари онҳо занон мебошанд.

Мақсади баргузории тренинг баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии онҳо ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.

Дар доираи тренинг коршиносон ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб гардиданд, ки аз ҷониби онҳо ба иштирокчиён маълумотҳои дахлдор вобаста ба роҳу усулҳои гуногуни беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхона ва тарабхонаҳо, пешниҳод карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки баргузории тренинги мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расида, тибқи нақша дар давоми моҳи агусти соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор хоҳад шуд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image