post-image

Ҷудо намудани гранти ҳиссавӣ барои рушди ҳунармандӣ

Баҳрагирандаи навбатии лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” сокини деҳаи Обшорони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон - Камолов Ҳакималӣ мебошад. Ӯ 28 сол инҷониб ба истеҳсоли армуғонҳои (сувенир) гуногун аз санг, аз ҷумла зарфҳо, армуғонҳои ороишӣ, рамзӣ, ёдгорӣ ва ғайра, машғул мебошад. Бинобар сабаби надоштани таҷҳизоти зарурӣ номбурда қисми бештари маҳсулотро бо таври дастӣ омода менамояд.

Камолов Ҳ. бо мақсади харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати рушди фаъолияти ҳунармандии худ, барои гирифтани гранти ҳиссавӣ ба лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” муроҷиат намуд.

Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳоднамудаи Камолов Ҳ., гранти дархостшуда аз ҳисоби лоиҳа ҷудо гардид. Маблағи умумии барои харидории таҷҳизот зарурӣ 3120,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз ин 2500,0 доллар гранти ҳиссавӣ аз ҳисоби лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” буда, худи баҳрагиранда низ 620,0 доллари ИМА-ро ҳамчун саҳми худ ҷудо намуд.

Айни замон аз ҷониби Камолов Ҳ. корҳои сохтмони коргоҳи хурд барои пешбурди минбаъдаи фаъолияти ҳунармандиаш дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, баҳрагирандаи болозикр дар сехи мазкур бо таҷҳизоту дастгоҳҳои нав фаъолият хоҳад кард.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image