Баргузор намудани тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар ВМКБ идома дорад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” тибқи нақша баргузор намудани тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар ВМКБ идома дорад.
Вобаста ба ин, аз санаи 22 то 24 августи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим тренинги мазкур баргузор шуд.
Дар тренинг 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои ноҳияи Ишкошим иштирок намуданд, ки 9 нафари онҳо занон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки мақсади баргузор намудани тренингҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.
Тренинги мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ баргузор карда мешавад.