post-image

Насби аломат ва ишораҳои сайёҳӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба вилояти Хатлон ва ВМКБ, дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» насби аломат ва ишораҳои сайёҳӣ дар хатсайрҳои асосии мавзеҳои сайёҳии минтақа, аз ҷумла аломат ва ишораҳои роҳ, даромадгоҳӣ ва тавзеҳотӣ пешбинӣ карда шудааст.

Вобаста ба ин, аз ҷониби ширкати интихобгардида аломат ва ишораҳои зарурӣ омода гардида, дар хатсайрҳои асосии сайёҳии вилояти Хатлон ва ВМКБ насб шуда истодаанд.

Насби аломат ва ишораҳои мазкур имкон медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ оид ба мавзеҳои сайёҳии минтақа ва ҷойгиршавии онҳо маълумоти бештар пайдо намоянд, ки ин дар навбати худ барои ҷалби бештари сайёҳон ба вилояти Хатлон ва ВМКБ мусоидат хоҳад кард.

Айни замон аз ҷониби ширкати интихобгардида корҳо дар ин самт тибқи нақша идома доранд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image