post-image

Ҷаласаи бисту якуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Санаи 14 июни соли 2024 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва вилояти Хатлон, кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муасссисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи бисту якуми кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 91 дархостҳои грантӣ пешниҳод гардид, ки аз ин 3 лоиҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 79 нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) аз ҷониби субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ соҳаи агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баррасӣ гардид.

Лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида асосан ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд (таъмири асосӣ ва ҷиҳозонидани бинои хонаи маданият ва осорхона, сохтмони нуқтаи (павилион) фуруши маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ), харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, коркарди асал, харидорӣ намудани таҷҳизот барои рушди ҳунармандӣ (гулдузӣ, оро додани либосҳои миллӣ, сохтани маснуоти ҳунармандӣ аз чӯб), таъмир ва харидории таҷҳизоти зарурӣ барои беҳтар намудани ҳолати санитарии меҳмонхона, хонаист (homestay), минтақаҳои истироҳатӣ, ошхона ва чойхонаҳо равона шудаанд.

Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо аз лоиҳаҳои пешниҳодгардида 91 лоиҳа барои маблағгузорӣ дар доираи Лоиҳа дастгири карда шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб 21 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 900 дархостҳои грантӣ (50 лоиҳаи беҳтар намудани инфрасохтори мақомоти давлатӣ ва 526 нақшаҳои тиҷоратии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва агробизнес) ба маблағи умумии 1,7 млн. доллари ИМА дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image