post-image

Барои ташкили сардхона дар ноҳияи Ёвон грант ҷудо карда шуд

Хоҷагии деҳқонии “Мубораки” (роҳбар - Маҳмадов Маҳмади) дар деҳаи Фирдавсии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Хоҷагии мазкур дорои 4,07 га замин буда, асосан ба истеҳсоли сабзавот, мева ва гандум машғул мебошад.

Бо мақсади ташкили сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ нақшаи тиҷоратӣ таҳия ва барои ба даст овардани гранти ҳиссавӣ ба лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” пешниҳод гардид. Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳодгардида гранти дархостшуда аз ҳисоби лоиҳа ҷудо карда шуд.

Аз ҳисоби гранти ҷудогардида (10000,0 доллари ИМА) таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон аз ҳисоби саҳми худи баҳрагиранда (2500,0 доллари ИМА) бинои дар хоҷагӣ мавҷуда таъмир ва барои ташкили сардхона омода гардид ва 1 адад генератор низ харидорӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташкили сардхона хоҷагии деҳқонии “Мубораки” маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худро дар он нигоҳ дошта, ният дорад, ки барои истифодаи имконият ва иқтидори сардхонаи мазкур бо дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳамкориро ба роҳ монад.

Ҳамчунин, дар натиҷаи ташкили сардхонаи мазкур 4 нафар ҷавонони бекори деҳа бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image