post-image

Тренинг барои кормандони меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба сайёҳон дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо” дар минтақаҳои зерҳадафи лоиҳа идома дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз 18 то 20 августи соли ҷорӣ тренинги мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Дар ин тренинги серӯза 30 нафар кормандони меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ иштирок намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиёни тренинг 12 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар доираи тренинг коршиносон ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб гардида, ба иштирокчиён маълумотҳои дахлдор вобаста ба роҳу усулҳои гуногуни беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхона ва тарабхонаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии онҳо ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, пешниҳод карда шуданд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image