post-image

Ҷаласаи нуҳуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Ҷаласаи нуҳуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” санаи 13 январи соли 2023 таҳти роҳбарии муовини Вазири молия – Маҷидӣ Юсуф Хайрулло баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи грантӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 54 дархостҳои грантӣ, аз ҷумла 5 лоиҳаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва 49 нақшаҳои тиҷоратии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд дар ВМКБ ва вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд (таъмири асосии бино ва ҷиҳозонидани осорхона ва меҳмонхона (давлатӣ), таъмир ва ободонии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, сохтмони нуқтаи (павильон) фурӯши маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ), харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, коркарди асал, коркард ва бастабандии бодом, тоза кардани об барои истеҳсоли шарбат, истеҳсол ва коркарди равғани ангат, рушди ҳунармандӣ (гулдузӣ, сохтани маснуоти ҳунармандӣ аз чӯб ва оҳан, истеҳсоли армуғонҳо), таъмир ва харидории маводу таҷҳизоти зарурӣ барои ташкил ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхона, хостел, хонаист (homestay), кафе ва ошхонаҳо, равона шудаанд.

Аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд, ки дар натиҷа 52 дархостҳои грантӣ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфта, 2 дархости грантии дигар (1 лоиҳа ва 1 нақшаи тиҷоратӣ) барои такмил баргардонида шуданд.

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб 9 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 236 дархостҳои грантӣ (18 лоиҳа ва 218 нақшаҳои тиҷоратӣ) ба маблағи умумии 2,56 млн доллари ИМА барои рушди соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image