post-image

Барои рушди фаъолияти меҳмонхона грант ҷудо карда шуд

Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхонаи “Ором”, ки дар маҳаллаи Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, ҶДММ “Ором” барои гирифтани грант ба лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” дархост пешниҳод намуд. Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳоднамудаи ширкати болозикр, гранти дархостшуда аз ҳисоби лоиҳа ҷудо карда шуд.

Аз ҳисоби гранти ҷудошуда (9889,0 доллари ИМА) ва саҳми худи баҳргиранда (2472,0 доллари ИМА) таҷҳизоти зарурӣ, мебел ва асбобҳои беҳдошти санитарӣ бо маблағи умумии 12361,0 доллари ИМА харидорӣ ва ба меҳмонхонаи “Ором” дастрас карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки меҳмонхонаи “Ором” соли 1989 сохта шуда, дар маркази деҳаи Қубодиён дар паҳлӯи бозори “Қубод” ҷойгир мебошад ва аз ҳисоби сайёҳони дохиливу хориҷӣ муштариёни зиёд дорад.

Дар натиҷаи харидории таҷҳизот ва мебели нав меҳмонхона аз ҳисоби сайёҳон ва меҳмонони ноҳия бештар муштариёнро ҷалб намуда, инчунин 2 ҷойи нави кориро низ таъсис дод.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image