post-image

Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор шуд

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” барои кормандони меҳмонхона ва тарабхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогири (пилотии) лоиҳа идома дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз санаи 15 то 17 июли соли 2022 дар меҳмонхонаи “Сайёра”-и шаҳри Нораки вилояти Хатлон тренинги мазкур баргузор шуд, ки дар он 25 нафар намояндагони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо аз шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон иштирок намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиёни тренинг 18 нафарашон занон мебошанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, мақсади баргузории тренингҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба мизоҷон, алалхусус қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон, ба ҳисоб меравад.

Дар доираи тренинги номбурда аз ҷониби мутахассисони соҳавии ҷалбгардида ба иштирокчиён маълумотҳои дахлдор оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти онҳо, пешниҳод карда шуданд.

Баргузории тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дар давоми моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image