Дар ноҳияи Рӯшон тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор шуд
Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” аз 14 то 16 августи соли ҷорӣ дар толори тарабхонаи “Сафина”-и ноҳияи Рӯшон тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор шуд.
Дар тренинги мазкур 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои ноҳияи Рушон ва водии Бартанги ВМКБ иштирок намуданд, ки 10 нафари онҳо занон мебошанд.
Мақсади баргузории тренинг баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки тренинги мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ баргузор хоҳад шуд.