post-image

Ҷаласаи сеюми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Санаи 14 июни соли 2022 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муасссисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи сеюми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 13 нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) барои бахшҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои баррасӣ манзури ҳайати Кумита гардида, пурра дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image