post-image

Баргузории машваратҳои оммавӣ оид ба механизми баррасии арзу шикоятҳо ва имзо намудани шартномаҳо оид ба лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои давлатӣ дар ВМКБ

Аз 27 сентябр то 7 октябри соли 2022 кормандони масъули лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ҷиҳати баргузории машваратҳои оммавӣ оид ба механизми баррасии арзу шикоятҳо ва имзо намудани шартномаҳо оид ба лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом доданд.

Дар рафти сафари корӣ кормандони лоиҳа бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ вохӯрӣ баргузор намуда, вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”, механизми баррасии арзу шикоятҳо дар доираи лоиҳаи мазкур рӯнамо (презентатсия) манзур намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи амалисозии механизми баррасии арзу шикоятҳо қуттиҳои арзу шикоятҳо ва ҳуҷҷатҳои маълумотномавӣ вобаста ба лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” дар даромадгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузошта шудаанд.

Мутахассисони лоиҳа дар рафти сафари корӣ бо кормандони ширкати миёнарави ТҶ “Тоҷи Нурафшон” дар шаҳри Хоруғ вохӯрӣ намуда, раванди қабули дархостҳо барои гирифтани грант, таҳияи лоиҳаҳо ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо баҳрагирандагони лоиҳаро баррасӣ намуданд ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

Инчунин, зимни сафар дар ноҳияи Ишкошим ҷиҳати омӯзиши ҷабҳаҳои иҷтимоӣ аз макони ҷойгиршавии Қалъаи Ямчун низ боздид ба амал оварда шуд.

Ҳамчунин, вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмир ва барқарорсозии шифохонаи “Авҷ” дар ноҳияи Ишкошим, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои Рушон ва Мурғоб, оромгоҳи “Шоҳ Бӯрҳони Валӣ” дар ноҳияи Роштқалъа ва меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарони ноҳияҳои мазкур вохӯриҳо баргузор гардида, қарордодҳои дахлдор оид ба лоиҳаҳои болозикр ба имзо расонида шудаанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image