Ба баҳрагирандаи навбатии лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" грант ҷудо карда шуд
Бо мақсади рушд ва беҳтар намудани фаъолият дар самти гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона сокини деҳаи Заргари ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон Ғаюрова Ҷамила барои гирифтани грант ба лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" муроҷиат намуд. Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳоднамудаи Ғаюрова Ҷ. аз ҳисоби лоиҳаи мазкур гранти дархостшуда ҷудо карда шуд.
Аз ҳисоби гранти ҷудогардида (4 080,0 доллари ИМА) ва саҳмгузории худи баҳрагиранда (1 020,0 доллари ИМА) дар маҷмуъ ба маблағи умумии 5 100,0 доллари ИМА таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ барои коргоҳи дузандагии Ғаюрова Ҷ. харидорӣ ва дастрас карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ғаюрова Ҷ. беш аз 30 сол ба фаъолияти гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона машғул буда, дар хонаи истиқоматиаш коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намудааст.
Дар натиҷаи дастрас шудани таҷҳизот ва дастгоҳҳои нав ба коргоҳи дузандагӣ, 3 нафар зани бекори деҳа бо ҷойи кор таъмин гардида, ба онҳо ҳунарҳои гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои занона омӯзонида мешавад.