post-image

Идомаи баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Мақсади баргузории тренингҳои мазкур ин баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандони меҳмонхона ва тарабхонаҳо оид ба қабул ва хизматрасонӣ ба мизоҷон, алалхусус пешниҳоди хизматрасониҳои ба талабот ҷавобгӯ ба сайёҳон, ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, аз санаи 11 то 13 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Бобоҷон”-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон тренинги мазкур баргузор шуд. Дар ин тренинги серӯза 30 нафар намояндагони меҳмонхона ва тарабхонаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон иштирок намуданд, ки аз он 6 нафарашон занон мебошанд.

Дар рафти тренинг аз ҷониби мутахассисони соҳавии ҷалбгардида барои иштирокчиён омӯзишҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои меҳмонхона ва тарабхонаҳо, гузаронида шуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи тасдиқгардида чунин тренингҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дар давоми моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ баргузор карда мешаванд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image