post-image

Вохӯрии шиносоӣ байни кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва роҳбари нави лоиҳа (Co-TTL) аз Бонки Умумиҷаҳонӣ

Санаи 10 январи соли 2023 вохӯрии шиносоӣ байни кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва роҳбари нави лоиҳа (Co-TTL) аз Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба қисмати агробизнес – Ҳакимов Парвиз ва мушовири Бонк - Исаев Алишер баргузор шуд.

Зимни вохӯрии мазкур аз ҷониби кормандони лоиҳа ба намояндагони Бонк маълумоти мухтасар оид ба рафти амалисозии лоиҳа, корҳои иҷрошуда ва натиҷаҳои ноилгардида, пешниҳод карда шуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби дар доираи лоиҳа ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақшаҳои минбаъда ҷиҳати беҳтар намудани раванди амалисозии лоиҳа мувофиқа карда шуданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷиҳати таъмини амалисозии саривақтӣ ва самараноки лоиҳа вохӯриҳои кориро дар давоми татбиқи лоиҳа ба таври мунтазам ба роҳ хоҳанд монд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image