post-image

Дар ноҳияи Дарвоз тренинг дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор шуд

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар ВМКБ оғоз гардид.

Дар ин замина, аз санаи 8 то 10 августи соли ҷорӣ дар толори бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Дарвоз тренинги мазкур баргузор шуд.

Дар тренинг 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд, ки 15 нафари онҳо занон мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории тренинг баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии онҳо ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.

Тренинги мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ дар давоми моҳи августи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image