post-image

Ҷаласаи ҳафтуми кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Санаи 2 ноябри соли 2022 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муасссисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи ҳафтуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 41 дархостҳои грантӣ – 4 лоиҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 37 нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна дар соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд.

Лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида асосан ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд (таъмири асосӣ ва ҷиҳозонидани бинои хонаи маданият ва осорхона, сохтмони нуқтаи (павильон) фуруши маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ), харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, коркарди асал, харидорӣ намудани таҷҳизот барои рушди ҳунармандӣ (гулдузӣ, оро додани либосҳои миллӣ, сохтани маснуоти ҳунармандӣ аз чӯб), таҷҳизот ва асбобҳо барои устохонаи рассомӣ, таъмир ва харидории маводу таҷҳизоти зарурӣ барои меҳмонхона, хонаист (homestay), минтақаҳои истироҳатӣ, ошхона ва чойхонаҳо равона шудаанд.

Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо 40 дархостҳои грантӣ – 3 лоиҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 37 нақшаҳои тиҷоратии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфта, 1 лоиҳаи дигар барои такмил баргардонида шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб 7 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 153 дархостҳои грантӣ (11 лоиҳа ва 142 нақшаҳои тиҷоратӣ) ба маблағи умумии 1,7 млн. доллари ИМА барои рушди соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image