Ҷаласаи чоруми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”
Санаи 30 июни соли 2022 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муасссисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи чоруми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур 17 нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) дар соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд. Нақшаҳои тиҷоратии манзургардида асосан ба ташкили меҳмонхонаҳои хурд (хостел), коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ (чакандузӣ), харидории мавод ва таҷҳизоти зарурӣ барои меҳмонхона ва чойхонаҳо равона карда шудаанд.
Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба 14 нақшаи тиҷоратӣ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфта, 3 нақшаи тиҷоратии дигар барои такмил баргардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб чор ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 46 нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) барои рушди соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфтанд.