post-image

Баргузории семинар дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” аз 28 то 30 июни соли 2022 дар меҳмонхонаи “Рамз”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинар дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” баргузор гардид.

Мақсади баргузории семинари мазкур ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ оид ба меҳмоннавозӣ, бозоршиносӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо равона гардидааст.

Семинари болозикр аз ҷониби ҶДММ “Маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ” дар ҳамкорӣ ва бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардида, дар он 30 нафар намояндагони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, А. Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш ва Ҷ. Балхӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида чунин семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дар давоми моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ баргузор карда мешаванд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image