post-image

Ҷаласаи шашуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Санаи 21 сентябри соли 2022 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муасссисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи панҷуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 42 дархостҳои грантӣ – нақшаҳои тиҷоратӣ аз ҷониби соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон дар соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд.

Лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида асосан ба харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, истеҳсол ва бастабандии асал, рушди ҳунармандӣ (гулдузӣ, чакандӯзӣ, сохтани армуғон (сувенир), маҳсулоти ҳунармандӣ аз пашм ва чӯб), таъмир, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиенӣ ва харидории маводу таҷҳизоти зарурӣ барои меҳмонхона, хонаист (homestay), чойхона ва кафеҳо, харидории лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сайёҳон ва ғайра равона карда шудаанд.

Аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд, ки дар натиҷа 35 дархостҳои грантӣ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфта, 6 дархост бинобар ҷавобгӯ набудан ба ҳадафҳои лоиҳавӣ ва талаботҳои мавҷуда рад карда шуданд ва 1 нақшаи тиҷоратии дигар барои такмил баргардонида шуд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб 6 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 113 лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратӣ ба маблағи умумии 1,15 млн. доллари ИМА барои беҳтар намудани инфрасохтори ҷамъиятӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес, ва бахшҳои ба он алоқаманд дар вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image