post-image

Ҷаласаи ҳаштуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот"

Санаи 16 декабри соли 2022 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот"-и Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав ҷаласаи ҳаштуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур 32 дархостҳои грантӣ, аз ҷумла 3 лоиҳаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва 29 нақшаҳои тиҷоратии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна дар соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар ВМКБ ва вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд.

Лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида асосан ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд (таъмири асосӣ ва ҷиҳозонидани бинои хонаи маданият, сохтмони меҳмонхона ва таъмири боғи фарҳангӣ-фароғатӣ), харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, коркарди асал, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, рушди ҳунармандӣ (гулдузӣ, сохтани маснуоти ҳунармандӣ аз чӯб, истеҳсоли армуғонҳо), таъмир ва харидории маводу таҷҳизоти зарурӣ барои меҳмонхона, хонаист (homestay) ва кафе, равона шудаанд.

Дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба, аз тарафи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо ҳамаи дархостҳои грантии пешниҳодгардида барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" то инҷониб 8 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар натиҷаи онҳо дар маҷмуъ 184 дархостҳои грантӣ (14 лоиҳа ва 170 нақшаҳои тиҷоратӣ) ба маблағи умумии 1,96 млн доллари ИМА барои рушди соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image