Дастрас намудани таҷҳизоти нав барои рушди фаъолият оид ба гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона
Ҷабборов Худойназар - сокини деҳаи Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо мақсади рушд ва такмил додани фаъолият дар самти гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона, барои дарёфти гранти ҳиссавӣ ба лоиҳаи “Рушди иқтисоди деҳот” дархост пешниҳод намуд. Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳоднамудаи Ҷабборов Ғ. гранти дархостшуда аз ҳисоби лоиҳаи мазкур ҷудо карда шуд.
Аз ҳисоби гранти ҳиссавии ҷудошуда (3260,0 доллари ИМА) ва саҳми худи баҳрагиранда (815,0 доллари ИМА) таҷҳизоти зарурӣ бо маблағи умумии 4075,0 доллари ИМА харидорӣ ва ба коргоҳи дӯзандагии Ҷабборов Х. дастрас карда шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷабборов Х. зиёда аз 30 сол инҷониб бо ҳунарҳои мардумӣ ва гулдӯзии нақшҳои миллӣ машғул буда, дар манзили худ коргоҳи хурди ҳунарҳои мардумиро ташкил кардааст. Дар натиҷаи дастрас намудани таҷҳизоти нав дар коргоҳи дӯзандагии мазкур 1 ҷойи кории иловагӣ таъсис дода шуд.