Вохурӣ бо миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”
Аз 15 то 22 ноябри соли 2022 миссияи навбатии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор мегардад.
Дар ин раванд, санаи 17 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии маҷозии (виртуалии) миссияи мазкур таҳти роҳбарии Татяна Сегал (иқтисодчии калони бахши молиявӣ) бо роҳбарият ва кормандони маркази татбиқи лоиҳа баргузор шуд.
Дар вохурии мазкур муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷидӣ Юсуф Хайрулло низ иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими вобаста ба татбиқи лоиҳа ба миссияи Бонк маълумот доданд.
Зимни вохурӣ байни миссияи Бонк ва кормандони маркази татбиқи лоиҳа мубодилаи афкор вобаста ба натиҷаҳои ноилгардида, масъалаҳои асосии дар доираи лоиҳа ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо сурат гирифт.
Тибқи нақша то 21 ноябр вохурӣ ва машваратҳои кории миссияи бонк бо кормандони маркази татбиқи лоиҳа, ширкатҳои мушовирии байналмилалӣ ва маҳаллии лоиҳа, инчунин бо роҳбарияти мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ пешбинӣ гардида, вохурии ҷамъбастӣ бо роҳбарияти Вазорати молия ва кормандони маркази татбиқи лоиҳа санаи 22 ноябри соли равон баргузор мегардад.