post-image

Баррасии натиҷаи таҳлили занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти ширӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” бо ҷалби ширкати маҳаллӣ таҳлили занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти ширӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон гузаронида шуд. Дар натиҷаи таҳлили гузаронидашуда корхонаҳое, ки ба коркарди маҳсулоти ширӣ машғуланд ва ба критерияҳои муқарраргардидаи лоиҳа ҷавобгӯ мебошанд, интихоб гардида, нақшаҳои тиҷоратии дахлдор омода ва ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Санаи 16 январи соли 2023 бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати кишоварзӣ, намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва корхонаҳои интихобгардида нақшаҳои тиҷоратии таҳияшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи баррасии нақшаҳои тиҷоратӣ, қайд карда шуд, ки корхонаҳои интихобгардида бояд тавассути ҷамъоварии шир аз аҳолии деҳот ва коркарди он, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои ҳадафноки лоиҳа мусоидат намуда, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар саҳми худро гузоранд.

Дар назар аст, ки баъд аз арзёбӣ ва тасдиқи нақшаҳои тиҷоратӣ маблағгузорӣ ва амалисозии онҳо дар семоҳаи якуми соли 2023 оғоз мегардад.

project-slider-image
project-slider-image