post-image

Ҷудо намудани гранти ҳиссавӣ барои беҳтар намудани фаъолияти ошхонаи миллӣ

Баҳрагирандаи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” Зоиров Холмаҳмад дар деҳаи Ҷавонии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад.

Номбурда дар километри 30-юми шоҳроҳи Бохтар - Душанбе ошхонаи миллӣ бо номи “Сайёд” дорад, ки дар мавзеи дилкаш ҷойгир шудааст. Дар назди ошхона дар ҳавои тоза катҳо гузошта шуда, дар наздикии он ҳавз ва боғи мева низ мавҷуд аст.

Ошхонаи “Сайёд” мизоҷони зиёд дорад, аммо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон дар ошхона баъзе аз таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ намерасид. Аз ин лиҳоз, Зоиров Х. барои дастгирӣ ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ ба лоиҳаи «Рушди иқтисоди деҳот» муроҷиат намуд.

Тибқи талаботи лоиҳа Зоиров Х. бо кумаки ширкати миёнарави ҷалбгардида (ТҶ «Пешсаф») нақшаи тичоратии дахлдорро таҳия ва барои ба даст овардани гранти ҳиссавӣ пешниҳод намуд.

Дар натиҷаи арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳодгардида, аз ҳисоби лоиҳа ба Зоиров Х. гранти ҳиссавӣ ҷудо карда шуд. Маблағи гранти аз ҳисоби лоиҳа ҷудошуда 6000,0 доллари ИМА ва саҳми худи баҳрагиранда 3000,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби гранти ҷудогардида ва саҳми худи баҳрагиранда барои ошхонаи “Сайёд” таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла миз, ҷевон, дастгоҳи суфтакунандаи гушт (мясорубка), яхдон, плитаи барқӣ, обгармкунак, раф (стеллаж) ва ғайраҳо дастрас карда шуданд.

Дар натиҷаи дастгирии лоиҳа ва бо дастрас шудани таҷҳизоти зарурӣ сатҳу сифати хизматрасониҳои ошхонаи болозикр беҳтар гардида, барои ҷалби боз ҳам бештари мизоҷон ва баланд бардоштани даромади он мусоидат хоҳад кард.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image