post-image

Ҷудо намудани грантҳо ба бенефитсиарҳои лоиҳа

Дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" ба Ҷураева Бибисоро - сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои рушди фаъолият оид ба гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона грант ҷудо карда шуд.

Ҷураева Б. 29 сол боз ба гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона машғул буда, дар хонаи истиқоматиаш коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намудааст. Дар доираи гранти аз ҳисоби лоиҳа ҷудогардида ба номбурда барои рушди фаъолияташ таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуданд.

Дар натиҷаи дастрас шудани таҷҳизотҳои нав Ҷӯраева Б. ният дорад, ки 2 зани бекори деҳаро бо ҷойи кор таъмин намуда, ба онҳо ҳунари гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои занонаро омӯзонад.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image