post-image

Ҷудо намудани грантҳои ҳиссавӣ ба баҳрагирандагони лоиҳа

Баҳрагирандаи лоиҳаи "Рушди иқтисоди деҳот" - Исломова Саидбегим дӯзандаи касбӣ мебошад, ки дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Ғалоободи ноҳияи Хуросон зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Исломова С. ба дӯхти либосҳои зебои миллӣ, курпачаҳо ва гулдӯзии анъанавии попурӣ машғул мебошад.

Исломова С. бо кумаки ширкати миёнарави маҳаллӣ, ки дар доираи лоиҳа ҷалб карда шудааст, барои харидории дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати рушди фаъолияташ нақшаи тиҷоратиро таҳия ва барои дастрас намудани гранти ҳиссавӣ ба лоиҳа пешниҳод намуд. Дар натиҷаи баррасӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳодгардида, аз ҳисоби лоиҳа гранти ҳиссавии дархостшуда ҷудо карда шуд.

Аз ҳисоби гранти ҷудогардида, ки 4560,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, инчунин саҳми худи баҳрагиранда (1140,0 доллари ИМА), дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 5700,0 доллари ИМА мошинҳои дарздузии барқӣ, оверлокерҳо, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд. Айни замон дар коргоҳи Исломова С. боз 5 нафар занон ва ҷавондухтарони ноҳия фаъолият менамоянд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image