post-image

Идомаи баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузории тренингҳо дар мавзӯи “Рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо” дар минтақаҳои зерҳадафи лоиҳа идома дорад.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории тренингҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи малака ва касбияти кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии онҳо ба мизоҷон, алалхусус сайёҳон, ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз санаи 11 то 13 августи соли ҷорӣ дар толори ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи ВМКБ тренинг дар мавзӯи болозикр баргузор шуд.

Дар ин тренинг 25 нафар кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ошхонаҳои ноҳияи Ванҷ иштирок намуданд, ки 11 нафари онҳо занон мебошанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image