post-image

Ҷудо гардидани грантҳои ҳиссавӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Бо мақсади рушд ва беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи гулдӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона истиқоматкунандаи деҳаи Тугараки ноҳияи Восеи Вилояти Хатлон Назирова Ширинмоҳ барои гирифтани грант ба лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” муроҷиат намуд. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ва арзёбии нақшаи тиҷоратии (бизнес-план) пешниҳодкардаи Назирова Ш. гранти дархостшуда аз ҳисоби лоиҳаи мазкур ҷудо карда шуд.

Аз ҳисоби гранти ҷудошуда (3360,0 доллари ИМА) ва саҳми худи бенефитсиар (840,0 доллари ИМА) ба маблағи умумии 4200,0 доллари ИМА таҷҳизот ва мебели зарурӣ харидорӣ ва ба коргоҳи дӯзандагии Назирова Ш. дастрас карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Назирова Ш. беш аз 30 сол аст, ки ба гулдӯзии нақшҳои миллӣ ва дӯхти либосҳои миллии занона машғул аст ва дар хонаи истиқоматиаш коргоҳи дузандагӣ ташкил кардааст.

Дар натиҷаи дастрас шудани таҷҳизоти зарурӣ истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ афзоиш ёфта, барои 2 зани бекори деҳа ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image