post-image

Ҷудо намудани грант барои ташкили сехи хушккунӣ ва бастабандии мева дар доираи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот"

Хоҷагии деҳқонии "Ангора" (роҳбари хоҷагӣ – Давлатова Гулизор Ҳакимовна) дар деҳаи Дӯстии ҷ/д "Меҳнатобод"-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти боғдорӣ машғул мебошад.

Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии мазкур 34,42 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 24,34 гектар заминҳои обёришаванда ва 12,0 гектар боғу меваҷот мебошад. Хоҷагӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 60 тонна маҳсулоти боғдорӣ истеҳсол мекунад.

Бо мақсади рушд ва беҳтар намудани фаъолият дар самти нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (хушккунӣ ва бастабандии меваҷот), аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ нақшаи тиҷоратӣ барои дарёфти грант аз ҳисоби лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" таҳия ва пешниҳод карда шуд. Дар натиҷаи арзёбии нақшаи тиҷоратии пешниҳодгардида, аз ҳисоби лоиҳа гранти дархостшуда ба хоҷагӣ ҷудо карда шуд.

Аз ҳисоби гранти ҷудошуда (10 000,0 доллари ИМА) ва саҳми худи бенефитсиар (5 000,0 доллари ИМА) таҷҳизоти зарурӣ ба маблағи умумии 15 000,0 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Бо ташкили сех ва насби таҷҳизоти нав дар хоҷагии деҳқонии "Ангора" 8 ҷойи кори иловагӣ, аз ҷумла барои 6 нафар занон аз қишри осебпазири аҳолӣ, таъсис дода мешавад.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image