Семинар дар мавзӯи идоракунӣ ва истифодабарии минбаъдаи Қалъаи Ямчун баъд аз анҷоми корҳои барқарорсозии он
Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” бо ширкати испании “INES Ingenieros Consultores SL” қарордод оид ба лоиҳакашии корҳои барқарорсозӣ ва нигоҳдории Қалъаи Ямчун ба имзо расонида шудааст. Тибқи талаботи қарордоди бо ширкати мазкур баимзорасида аз 3 то 5 октябри соли 2022 дар бинои Вазорати молия барои кормандони вазорату идораҳои дахлдор семинар оид ба идоракунӣ ва истифодабарии минбаъдаи иншооти номбурда баъд аз анҷоми корҳои барқарорсозии он баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Академияи миллии илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва кормандони масъули лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” иштирок намуданд.
Дар давоми семинар мутахассисони ширкати “INES Ingenieros Consultores SL” ба иштирокчиён оид ба натиҷаҳои асосии корҳои лоиҳакашии дар Қалъаи Ямчун гузаронидашуда, пешниҳодот ва тавсияҳо оид ба намуд ва номгӯйи корҳои барқарорсозӣ дар иншооти мазкур, нигоҳдорӣ ва идоракунии он баъд аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон (алалхусус сайёҳони хориҷӣ) ба иншоот, маълумот пешниҳод намуданд.
Инчунин,