post-image

Тренинг дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузории лоиҳаҳои грантӣ, назорати сифат ва масъалаҳои арзёбии иҷтимоӣ” дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”

Дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” рӯзҳои 7-8 сентябри соли 2022 дар меҳмонхонаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе тренинг дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузории лоиҳаҳои грантӣ, назорати сифат ва масъалаҳои арзёбии иҷтимоӣ” баргузор шуд.

Мақсади баргузории тренинги мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши роҳбарият ва кормандони ширкатҳои миёнарави барномаи грантӣ (фасилитаторон) ва маркази татбиқи лоиҳа оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати сифати лоиҳа (дархост)-ҳои грантӣ, инчунин масъалаҳои иҷтимоии вобаста ба татбиқи лоиҳа, ба ҳисоб меравад.

Дар ин тренинги дурӯза роҳбар ва кормандони дахлдори ширкатҳои миёнарави барномаи грантӣ ва кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” иштирок намуданд.

Дар рафти тренинг аз ҷониби мутахассисони ширкати байналмилалии идоракунандаи барномаи грантӣ ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои асосии вобаста ба қисмати лоиҳаҳои грантӣ, аз ҷумла грант ва давраи пардохти он, талабот нисбат ба дархосткунанда, тиҷорат ва ҳадафҳо, намудҳои тиҷорат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ, субъектҳои соҳибкорӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), номгӯи бастаи ҳуҷҷатҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна дар соҳаи агробизнес, хатогӣ ва норасогиҳои асосии ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, пешниҳоди ҳисоботҳои ҳармоҳаи оморӣ, назорати сифати лоиҳаҳои пешниҳодшаванда, варақаи назоратӣ ва руйхати лоиҳаҳо, ҳамкорӣ ва коммуникатсия байни ширкати байналмилалии идоракунандаи барномаи грантӣ ва ширкатҳои миёнарави барномаи грантӣ, инчунин нақшаи такмили Дастурамал оид ба пешниҳоди грантҳо, маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз мавзӯҳои тренинг ин пешгирии истисмор, зӯроварӣ ва озори шаҳвонӣ тибқи талабот ва сиёсати Бонки Умумиҷаҳонӣ, ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ба иштирокчиёни тренинг оид ба шарту талаботҳои асосии дастурамалҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои пешгирии истисмор, зӯроварӣ ва озори шаҳвонӣ дар доираи татбиқи лоиҳа маълумот дода шуд. Дар робита ба мавзӯи мазкур, тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҳамаи кормандони лоиҳа Кодекси рафторро ба имзо расониданд.

Ҳамзамон, дар доираи тренинг доир ба масъалаҳои вобаста ба амалисозии Механизми баррасии арзу шикоятҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image