post-image

ҶАЛАСАИ ДАҲУМИ КУМИТА ОИД БА ПЕШНИҲОДИ ГРАНТҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ”

Санаи 1 марти соли 2023 таҳти роҳбарии муовини Вазири молия – Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ҷаласаи даҳуми Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи грантӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин кормандони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия, ширкати идоракунандаи грантҳо ва ширкатҳои миёнарав иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 42 дархостҳои грантӣ, аз ҷумла 5 лоиҳаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва 37 нақшаҳои тиҷоратии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони хурду миёна дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд дар ВМКБ ва вилояти Хатлон барои баррасӣ ба Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо манзур гардиданд.

Лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида ба беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд (таъмири бино ва ҷиҳозонидани осорхона, қасри фарҳанг ва меҳмонхона (давлатӣ), сохтмони нуқтаи (павильон) фурӯши маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ), харидории таҷҳизот барои коркард, бандубаст ва нигоҳдории (ташкили сардхона) маҳсулоти кишоварзӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил, коркарди асал, рушди ҳунармандӣ (сохтани маснуоти ҳунармандӣ аз оҳан), таъмир ва харидории маводу таҷҳизоти зарурӣ барои ташкил ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхона, хостел, хонаист (homestay), кафе ва ошхонаҳо, равона шудаанд.

Дар натиҷаи баррасии лоиҳа ва нақшаҳои тиҷоратии пешниҳодгардида аз ҷониби Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо 41 дархостҳои грантӣ барои маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа дастгирӣ ёфта, 1 дархости грантии дигар барои такмил баргардонида шуд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” то инҷониб 10 ҷаласаи Кумита оид ба пешниҳоди грантҳо баргузор гардида, дар маҷмуъ 277 дархостҳои грантӣ (22 лоиҳа ва 255 нақшаҳои тиҷоратӣ) ба маблағи умумии 3,3 млн доллари ИМА барои рушди соҳаҳои агробизнес, сайёҳӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, дастгирӣ ёфтанд.

project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image
project-slider-image