Лоиҳаи Рушди Иқтисодиёти Деҳот
Дастгирии фаъолияти соҳаҳои агробизнес ва сайёҳӣ
дар вилояти Хатлон ва ВМКБ

Додани дархост чӣ тавр кор мекунад

Тарафҳои манфиатдор (ташкилотҳо, корхонаҳо) бояд бо ҳамоҳангсозони маҳаллии лоиҳа (“Субекти грант”) дар минтақаи худ тамос гиранд (барои гирифтани маълумоти бештар ба банди «тамос» нигаред), то мутобиқати онҳоро барои гирифтани грантро тафтиш кунанд. Дар сурати ҷавобгӯ будан ба талаботҳо, ташаббускори грант барои таҳияи дархости грантӣ бо довталаб кор мекунад, ки аз он таҳияи бизнес-нақшаи оддии лоиҳа, буҷет ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили қайди соҳибкорӣ ё иҷозатнома тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон иборат мебошад. Дархости грантии пуркардашуда аз ҷониби Кумитаи грантӣ, ки аз ҷониби Шӯъбаи идоракунии лоиҳаи Вазорати молия ташкил шудааст, баррасӣ мешавад.

Бо иштрокчиёни лоиҳаи грантӣ тамос гиред

Беҳтарин роҳи муроҷиат ин тамос бо ҳамоҳангсози маҳаллии лоиҳа (ҲМЛ) дар минтақаи худ мебошад. Рӯйхати иштирокчиёни лоиҳаи грантӣ дар қисмати «Тамос» оварда шудааст. Иштироекчиёни грант талаботро аён мекунанд ва шуморо дар ҷараёни грантӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Онлайн дархост

Шумо метавонед мустақиман тавассути иртиботи зерин муроҷиат кунед, ки шуморо ба системаи дархости грантии онлайн мебарад. Агар шумо дар мавриди дархости худ ба кӯмаки иловагӣ ниёз дошта бошед, шумо имкон доред бо ҳамоҳангсоз оид ба грант тамос гиред.